Дар Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президент таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президент чораҷӯӣ намоянд.
Бино ба суханони Сарвари давлат, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” таъсис дода хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки то охири соли 2020 дар асоси «Консепсияи иқтисоди рақамӣ» «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода 18 январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар доираи гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ таҳия ва охири моҳи декабри соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ирсол гардидааст.
«Мақсади таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҷорӣ намудани технологияиҳои иттилоотонии рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Барномаи мазкур барои гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият, содагардонии расмиёт ва ҷалби технологияҳои муосир мусоидат менамояд», — илова намуд А. Солеҳзода.








«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад






