Дар Тоҷикистон Маркази миллии таълимӣ оид ба омӯзиши наҷотдиҳандагон бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Устувории сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки тавассути Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, марҳилаи аввали корҳои сохтмони Маркази миллии таълимӣ оид ба таълими наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бояд гуфт, ки ин машқгоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар доман паҳн карда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзишӣ, инчунин маҷмааҳои таълимӣ-моделсозӣ иборат хоҳад буд. Ҳама биноҳо ҷиҳозонида шуда, бо системаҳои гармидиҳӣ, неруи барқ таъмин ва атрофи биноҳо сабзазор хоҳанд шуд. Тамрингоҳи миллӣ маҷмааи беназири махсусест, ки бо назардошти хусусияти минтақа ва талаботи муосир сохта шуда, омодагии ҳамаҷонибаи амалии гурӯҳҳои имдодро дар сатҳи баландтарин таъмин менамояд. Дар ин тамрингоҳ наҷотдиҳандагон моделҳои нави таҷҳизоти имдодро месанҷанд ва истифодаи онро пурра меомӯзанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро баланд мебардорад, балки ба якҷояшавии гурӯҳҳои имдод дар мубориза бо офатҳои табиӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
«Кори муштарак ба мо имкон медиҳад ба системаи глобалии вокуниши офатҳои табиӣ фаъолона ҳамроҳ шавем ва бо шарикони хориҷӣ самаранок ҳамкорӣ кунем, инчунин лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт татбиқ намоем, ки ин бешубҳа, ба чизи муҳимтарин — наҷоти ҳаёти инсон мусоидат мекунад»,-иброз намуд раиси Кумита.
Дар маҷмӯъ ин лоиҳа се марҳилаи иҷро дорад ва марҳилаи аввали он аз моҳи январ то ноябри соли 2021-ро дар бар мегирад.
Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Асғар, роҳбарони дигар корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ширкат намуданд.








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






