Деҳқонони Тоҷикистон ба боғҳо ва токзор яхоб мемонанд

Январь 8, 2021 14:39

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои деҳқон Толибҷон Воҳидов аз хоҷагии деҳқонии «Ҳадисабону» ва ҳамкоронаш аз минтақаи доманакӯҳи Истаравшан мавсими кор фаро расид. Аз мавҷудияти қабати барф истифода бурда, онҳо корҳои оммавиро барои гузаронидани обёрии зимистонӣ — яхобмонӣ дар боғҳо ва токзори хоҷагиҳои худ ташкил карданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Платформаи байналмилалии иттилоотию таҳлилии тиҷроати меваю сабзавот «EastFruit» менависад.

Онҳо дар чуқурчаҳои азими атрофи системаи решаи дарахтони мевадиҳанда ва ангур барф меандозанд ва онро шибба мекунанд, менависад муаллифи мақола.

Бисёре аз боғҳо ва токзори шаҳри Истаравшан дар доманакӯҳҳо ҷойгиранд ва дар тобистон ба онҳо аксар вақт намӣ намерасад.

«Бисёре аз деҳқонони мо боғҳо ва токзори худро бо усули маъмулӣ парвариш мекунанд, дар фасли зимистон барои давраи тобистон об захира менамоянд ва намнокиро нигоҳ медоранд, — мегӯяд Толибҷон. — Дар давраи баҳору тобистон аксари хоҷагиҳо аз сабаби нарасидани об имкон доранд, ки боғҳо ва токзори худро танҳо 1-2 маротиба об монанд. Намнокии дар давраи зимистон дар хок нигоҳдошташуда аксар вақт барои гирифтани хосили фаровон ҳатто дар хушксолӣ басанда аст. Решаҳои дарахтон, ки ба замин чуқур мераванд, намиро гирифта, ба шохсор таъмин мекунанд.

«Аммо ин усулҳои кишоварзӣ хатарноканд. Ба ҳамаи мо зарур аст, ки фаъолона ба усулҳои муосири парвариши боғҳо ва токзор, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва обёрии қатрагии онҳо гузарем», — идома медиҳад Толибҷон Воҳидов.

Худи Толибҷон чанд сол қабл дар 1,5 гектар заминҳои талу теппаҳо боғи интенсивӣ ва токзор бунёд карда, барои ҷамъ кардан ва нигоҳ доштани об зарфҳо насб ва системаи обёрии қатрагиро ба роҳ мондааст. Боғ ҳанӯз ҷавон аст, аммо аллакай мояи ифтихори соҳибаш гаштааст.

Соли 2019, ки барои боғдорон ва ангурпарварони шаҳри Истаравшан номусоид буд, Толибҷон тавонист ҳосили баланд ба даст орад. Тоҷирон аз ӯ «Ҳусайнии сиёҳ»-ро бо нархи 5 сомонӣ (0,44 доллари ИМА) барои фурӯш дар Қирғизистон ва бо ҳамон нарх ангури «Тоифӣ»-ро харидорӣ карданд. Ҳамзамон тамоми ҳосилро худи харидорон ҷамъ оварда, ба навъҳо ҷудо карданд, бастабандӣ намуданд ва дар яхдон барои содирот ба Россия ҷой доданд.

Соли 2021 Толибҷон умедвор аст, ки ҳосили аз ин ҳам бештар ба даст меорад, зеро дар боғҳои интенсивӣ ва токзори ӯ мавсими ҳосилдиҳӣ  шурӯъ мешавад.

Боғдорон ва ангурпарварон дар аксар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ айни замон яхобмониро ба роҳ мондаанд. Ин усули агротехникӣ на танҳо имкон медиҳад, ки намнокӣ нигоҳ  дошта шавад, балки ба деҳқонон дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони кишоварзӣ низ кумак мерасонад.

                                                        Муаллифи мақола ва акс аз «EastFruit»

Январь 8, 2021 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид