Федератсияи байналмилалии дзюдо тақвими мусобиқотро то бозиҳои олимпӣ нашр кард

Январь 10, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 10.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи интихобии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи намуди  дзюдо то 28 июни соли 2021 идома меёбад. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тақвими мусобиқотро дар ин давра нашр кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре хабар дода будем, соли 2021 мусобиқаи ситораҳои  дзюдо дар шаҳри Давҳаи Қатар оғоз меёбад. Мусобиқа 11-13 январ баргузор мешавад, ки дар он се варзишгари мо – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок мекунанд.

Сипас, 18-20 феврал Гранд Слами Тел Авив (Исроил), 27-28 феврал Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг доир хоҳанд шуд. Дар моҳи март низ ду мусобиқа ба нақша гирифта шудааст: 5-7 март Гарнд Слами Тошканд (Ӯзбекистон), 26-28 март Гранд Слами Тбилиси (Гурҷистон).

1-3 апрел дзюдочиёни ҷаҳон дар Гранд Слами Анталия (Туркия), баъдан ҷудочиёни Осиё ва Уқёнус дар чемпионати қитъавӣ сабқат мекунанд. 8-9 май Париж (Франсия) мизбони мусобиқаи Гранд Слам хоҳад буд.

Марҳилаи интихобӣ бо баргузории Чемпионати ҷаҳон 6-13 июн дар Будапешт (Венгрия) анҷом меёбад. 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ширкат кунанд.

Феълан аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар минтақаи сабзи раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.

                                                 АКСҲО:   IJF ва КМО Тоҷикистон

 

Январь 10, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд