Федератсияи байналмилалии дзюдо тақвими мусобиқотро то бозиҳои олимпӣ нашр кард
ДУШАНБЕ, 10.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи интихобии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи намуди дзюдо то 28 июни соли 2021 идома меёбад. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тақвими мусобиқотро дар ин давра нашр кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре хабар дода будем, соли 2021 мусобиқаи ситораҳои дзюдо дар шаҳри Давҳаи Қатар оғоз меёбад. Мусобиқа 11-13 январ баргузор мешавад, ки дар он се варзишгари мо – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок мекунанд.
Сипас, 18-20 феврал Гранд Слами Тел Авив (Исроил), 27-28 феврал Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг доир хоҳанд шуд. Дар моҳи март низ ду мусобиқа ба нақша гирифта шудааст: 5-7 март Гарнд Слами Тошканд (Ӯзбекистон), 26-28 март Гранд Слами Тбилиси (Гурҷистон).
1-3 апрел дзюдочиёни ҷаҳон дар Гранд Слами Анталия (Туркия), баъдан ҷудочиёни Осиё ва Уқёнус дар чемпионати қитъавӣ сабқат мекунанд. 8-9 май Париж (Франсия) мизбони мусобиқаи Гранд Слам хоҳад буд.
Марҳилаи интихобӣ бо баргузории Чемпионати ҷаҳон 6-13 июн дар Будапешт (Венгрия) анҷом меёбад. 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ширкат кунанд.
Феълан аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар минтақаи сабзи раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.
АКСҲО: IJF ва КМО Тоҷикистон










Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






