«Истиқлол» дар лигаи чемпионҳои КФО-2021 бо «Ал-ҳилол» ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ» бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои AFC, дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Ҳарифони клуби футболи Душанбе дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА), ҳамчунин ғолиби ҷуфти марҳилаи гузариш Ал-Гараф” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) хоҳанд буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мароисми қуръакашии лигаи чемпионҳои AFC-2021 даҳ гурӯҳ таъсис дода шуд. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи сатҳи аввали Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб ба таври мутамарказ аз 14 то 30 апрел, дар Шарқ аз 21 апрел то 7 май баргузор мешавад.
Тибқи муқаррароти низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ва 6 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба даври 1/8-финал роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои AFC-2021:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Ал-Гарафа» (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон).
Гурӯҳи «В»: «Шарҷа» (АМА), «Трактор» (Эрон), «Пахтакор» (Ӯзбекистон), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Ал-Ваҳда» (Арабистони Саудӣ) – «Эйр Форс» (Ироқ).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Ал-Аҳлӣ Саудӣ» (Арабистони Саудӣ), «Истиқлол» (Эрон), «Ал-Шорта» (Ироқ).
Гурӯҳи «D»: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Фулод» (Эрон) – «Ал-Айн» (АМА).
Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Райян» (Қатар), «Гоа» (Ҳиндустон), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Ал-Ваҳда» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «F»: «БГ Патхум Юнайтед» (Тайланд), «Улсан Хёндэ» (Кореяи Ҷанубӣ), «Виеттел» (Ветнам), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Бэйсзин» (Чин) – «Брисбен Роар» (Австралия)/«Кайя Илоило» (Филиппин).
Гурӯҳи «G»: «Сзянсу Сунин» (Чин), «Нагая Грампус» (Ҷопон), «Ҷоҳор Дарул Тазим» (Малайзия), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Пхохан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Ратчабури» (Тайланд).
Гурӯҳи «Н»: «Чонбук Хёндэ Моторс» (Япония), «Гамба Осака» (Ҷопон), «Тампинес Роверс» (Сингапур), «Сидней» (Австралия).
Гурӯҳи «I»: «Кавасаки Фронтале» (Ҷопон), «Гуанжоу» (Чин), «Юнайтед Сити» (Филиппин), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Чианграй Юнайтед» (Тайланд).
Гурӯҳи «J»: «Шандун Лунэн» (Чин), «Тай Порт» (Тайланд), «Китчи» (Ҳонг Конг), ғолиби ҷуфти бозии плей-офф «Сересо Осака» (Ҷопон) – «Мелбурн Сити» (Австралия)/«Шан Юнайтед» (Мйанма).
АКСҲО аз ФФТ









«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






