Конгресси ИМА пирӯзии Байденро дар интихоботи президентӣ тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сенат ва Палатаи намояндагони Конгресси ИМА имрӯз дар ҷаласаи муштарак пирӯзии демократ Ҷозеф Байденро дар интихоботи президентӣ, ки 3 ноябр дар ин кишвар баргузор шуд, тасдиқ кард. Ҷараёни ҷаласаро шабакаҳои телевизионии хабарии Амрико мустақиман пахш намуда истодаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ТАСС.
Байден аз рӯи натиҷаҳои тасдиқшудаи интихобот беш аз 270 раъйи интихобкунандагонро ба даст овард. Ҷаласа идома дорад.
Натиҷаҳои ин чорабинӣ бояд воқеан ба раванди ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳии моҳи ноябр хотима бахшанд ва ба баҳс дар бораи он ки кӣ расман сарвари маъмурияти Амрико аст, хотима бахшанд.
Ҷаласаи муштараки палатаҳо, ки рӯзи чоршанбе оғоз ёфта, шаби панҷшанбе ба поён мерасид, бо сабаби эътирози аъзои ҳизби президенти амалкунандаи ҷумҳурихоҳ Трамп дар робита ба натиҷаҳои интихобот дар якчанд иёлот ду маротиба қатъ шуд. Рӯзи чаҳоршанбе намояндаи ҷумҳурихоҳон Пол Госар, узви Маҷлиси намояндагон аз иёлоти Аризона зидди тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар Аризона баромад намуд. Ӯ ҳамроҳ бо 60 ҳамҳизбаш эътироз баён дошт. Эътирози ӯро сенатор Тед Круз (ҷумҳурихоҳ аз иёлати Техас) дастгирӣ кард.
Рӯзи панҷшанбе, пас аз нимашаб ба вақти маҳаллӣ, ҷумҳурихоҳон бори дигар, ин бор бар зидди тасдиқи натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Пенсилвания эътироз карданд. Ташаббускор намояндаи ҷумҳурихоҳон аз ин иёлат Скотт Перри буд, ки ӯро 80 нафар дастгирӣ карданд. Сенатори ҳамҳизб Ҷош Ҳоули (аз иёлати Миссури) низ ба тарафдории ӯ сухан гуфт. Дар ҳарду ҳолат эътирозҳо ҳам аз ҷониби Сенат ва ҳам аз ҷониби палатаи намояндагон рад карда шуданд. Дар ҳамин ҳол на танҳо демократҳо, балки аъзои ҳизби Трамп низ раъйи мухолиф доданд.
ДАР АКС: президенти интихобшудаи ИМА Ҷозеф Байден. © AP Photo/Susan Walsh








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






