Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон машқҳои амалӣ ва вохӯриҳои таблиғотӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таълим ва омӯзонидани аҳолии деҳаҳои дар минтақаҳои хатарнок ҷойгирифта кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии Caritas-и Швейтсария бо ширкати 8 раиси Ҷамоати деҳоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон машқҳои амалӣ ва вохӯриҳои таблиғотӣ гузарониданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар мулоқот кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Дӯстӣ, Сарипул, Сариҳавз, Механизатор, Халқаҷар, Сӯҳроб Муродов, Бохтариён ва Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар бораи минтақаҳои хатарнок, тарзи рафтор дар ҳолатҳои фавқулода маълумот дода, ҷойҳои ниҳолшинониро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ муайян намуданд.
Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳо харитаҳои минтақаҳои хатарнокро доданд, ки бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии Caritas-и Швейтсария таҳия шудаанд.
Тибқи нақшаи таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки муовини раиси ноҳия, сардори Раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 нафар кормандони масъули мудофиаи шаҳрвандӣ дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






