Кушта шудани як ғайринизомӣ дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Ғазнӣ

Январь 15, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 15.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Ғазнии Афғонистон мегӯянд, ки  дар ҳамла як ғайринизомӣ кушта ва  ҳафт тан аз неруҳои давлатӣ захмӣ шуданд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Тулӯъ нюс».

Мақомҳо дар вилояти Ғазнӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи таркиши як мошини бомбгузоришуда дар Ғазнӣ як ғайринизомӣ кушта ва ҳафт тан аз неруҳои давлатӣ захмӣ шуданд.

Воҳидуллоҳ Ҷумъазода, сухангӯи раиси вилояти Ғазнӣ мегӯяд, ки  ин рӯйдод наздикии соати 03.00 рӯзи ҷумъа дар шоҳроҳи Кобул-Кандаҳор дар наздикии як маркази неруҳои давлатӣ рух дод.

Ба гуфтаи Ҷумъазода, мошини бомбгузоришуда пеш аз расидан ба ҳадаф аз сӯи неруҳои давлатӣ муайян ва  хадаф қарор дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиа дар як хабарнома мегӯяд, ки ин мошини бомбгузоришуда пеш аз расидан ба ҳадаф, ки як пойгоҳи неруҳои артиш буд,  аз сӯи неруҳои давлатӣ муайян ва ҳадаф қарор дода шуд.

Дар хабарномаи ин вазорат омадааст, ки дар як ҳамлаи ҳавоии  неруҳои афғон ки пас аз ин таркиш анҷом шуд, ҳашт нафар аз террористон кушта шуда, ду тани дигар захм бардоштанд.

Январь 15, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд