Мусобиқаи футболи хурд дар Хоруғ бо пирӯзии футболбозони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия анҷом ёфт

Январь 18, 2021 14:33

ХОРУҒ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати ҳафт даста барои ба даст овардани Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз намуди футболи хурд  давоми бештар аз як ҳафта мубориза бурданд. Футболбозони  тими мунтахаби Дастаи воҳиди таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз аввали мусобиқа рақибони худро шикаст дода, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии ниҳоӣ бо дастаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят  низ аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, дар натиҷаи ҳамлаҳои пай дар пай бо ҳисоби ҳафт бар сифр рақиби худро шикаст доданд.

Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят Аъзам Толеъзода ғолибони мусобиқаро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон  Раҳимзода ба хотири 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ва пирӯзӣ дар ин мусобиқа табрик намуда, изҳор дошт, ки “чунин мусобиқаҳо на танҳо ҷисму рӯҳи шуморо қавӣ мегардонанд, балки барои таҳкими дӯстию рафоқат ва ҳамкорӣ байни ҷузъу томҳои Вазорати корои дохилии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят тасмим гирифтем, ки дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи вилоятӣ аз намуди футболи хурд барои Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ байни ҷавонон баргузор кунем, ки дар он дастаҳои ҷузъу томҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат мекунанд. Аз ин рӯ аз аъзои дастаҳои ғолиб даъват мекунам, ки бештар тамрин кунанд, маҳорату истеъдоди худро баланд бардоранд, зеро дар ин мусобиқа беҳтарин футболбозони дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат меварзанд”.

Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Январь 18, 2021 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард