Новобаста ба COVID-19 соли 2020 барои сокинони шаҳри Ҳисор бобарор буд
ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба душвор омадани соли 2020 бар асари бемории COVID-19 он дар шаҳри Ҳисор бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, барои сокинони шаҳр бобарор арзёбӣ мешавад. Зеро дар ин сол бо афзоиши нишондиҳандаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва савдо рушди иқтисодӣ дар шакли устувор нигоҳ дошта шуд. Ин матлаб дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли 2020, ки бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён таҳти раёсати Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода доир гардид, зикр шуд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2020 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли 2021 муайян гардиданд.
Муовини аввали Раиси шаҳр оид ба вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иҷрои нақшаҳои қабулшуда вобаста ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаю стратегияҳо ва дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳо ба шаҳри Ҳисор дода буданд, гузориш дод.
Оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ, рушди бахши хусусӣ, самти хизматрасонии иҷтимоӣ муовинони Раиси шаҳр ва мудирони бахшу шуъбаҳо гузориши муфассал доданд.
Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён аз чорабиниҳои муҳими сиёсие, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ёдрас шуда, оид ба татбиқи барномаҳои қабулшуда, риояи қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ, зимистонгузаронӣ, даъват ба хизмат, бунёди боғҳо, захираи тухмии картошкаву ғалладонагиҳо, мушкилот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳарф зада, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромиро аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро барои босифат ва сари вақт иҷро намудани нақшаҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда, иброз дошт, ки сокинони шаҳри Ҳисор бо истифода аз донишу таҷриба ва меҳнати садоқатмандона ба рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






