ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 14+16 дараҷа гарм мешавад

Январь 14, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат ба 14+16 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  28-33 ва рӯзона 14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   14+16 дараҷа гарм  мешавад.

Январь 14, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад