ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, барфи суст меборад
ДУШАНБЕ, 7.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 32-37 дараҷа хунук ва рӯзона 16-21 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, бориши сусти барф дар назар аст. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 2-4 дараҷа хунук мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






