ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, резиши қирав боқӣ мемонад

Январь 6, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 6.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд ва резиши қирав боқӣ мемонад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал омада, резиши қирав боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво  шабона 25-30, дар баъзе ноҳияҳо то 33-38 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 13-18 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Фаромадани туман ва  резиши қирав боқӣ мемонад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 7-12  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4-9  дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз  2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Туман фаромада, резиши қирав боқӣ мемонад. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  6-8 ва рӯзона   0-2 дараҷа хунук  мешавад.

Январь 6, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст