Озодапаланг дар Бадахшон 45 сар моли сокинонро туъмаи худ қарор дод. Зарари он ҷуброн мешавад
ДУШАНБЕ, 25.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки ба оғилхонаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти ноҳияи Ишкошим бабри барфӣ ё озодапаланг ворид гардида, дар маҷмӯъ 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст. Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур бабри барфӣ дастгир гардида, бидуни расонидани ягон осеб тибқи қоидаҳои бехатарии махсус, дар минтақаи кӯҳӣ раҳо карда шуд. Аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист товони зарари расонидаи бабри барфӣ ба соҳибони ҳайвоноти хонагӣ ҷуброн карда мешавад.
Ба қавли коршиносон, асосан бабрҳои барфии калонсол, ки фасли зимистон дар муҳити кӯҳсор аз паси сайд қуввати босуръати давидан надоранд, ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст. Озодапаланг ҳайвони кӯҳии нодир маҳсуб ёфта, ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст. Мавҷуд будани макони зисти бабри барфӣ дар ҳар кишвар бозгӯи поктарин экосистема аст.
Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар ВМКБ ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои аз 2,5 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат мекунад. Бо зебоии андом, озодапарастӣ ва амалҳои хосаш ӯ таваҷҷуҳи табиатдӯстонро ба худ ҷалб менамояд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда васеъ гардида, аз 6 то ба 21 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳурӣ расонида шуд, ки ин барои сукунат ва зиёд гардидани саршумори ҳайвоноту парандагони нодир шароити мусоид фароҳам меоварад.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






