Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада таҷлил мегардад

Январь 30, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 31 январ,  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада  бо намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар саҳни боғи мазкур рамзи ҷашни Сада- оташи калон афрӯхта мешавад.

Дар ҷашнгоҳ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат кишоварзон маҳсулоти истиеҳсолнамудаи худ, олоти кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш мегузоранд. Инчунин дар ин рӯз боғпарварони мамлакат навъҳои гуногуни ниҳол, гулу буттаҳои ороиширо ба намоиш-фурӯш пешниҳод мекунанд.

Дар ҷашни имсола олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон  роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.

Вазорати кишоварзии мамлакат дар ин рӯз хоҷагиҳои деҳқониеро, ки соли гузашта дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи  ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик маросими Садаро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаи гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудааст.

Ба гуфти олимон, Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Аз ин рӯ ҷашни мазкурро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок менамоянд.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хосса дорад. Дар бузургдошти Сада шоири асри XI Фаррухӣ чунин навиштааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, ҳамчун рамзи бузургдошти Меҳр, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст