Сафорати Ҳиндустон ба Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 январ Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар доираи дастгирии техникии муассисаҳои таҳлилӣ ва илмӣ ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як теъдод таҷҳизоту афзори компютерӣ ҳадя кард. Таҷҳизоти номбурдаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх тақдим намуд. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон, махсусан ба ҷаноби Сафир барои дастгирии техникӣ ва эҳдои таҷҳизот изҳори сипос кард.
Хуршед Зиёӣ аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди техникӣ ва амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкории иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.
Робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.
Сафоратҳои ҳарду кишвар миёни марказҳои зеҳнии Ҳиндустон ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ барқарор намудаанд, ки ин иқдом ба манфиати ҳарду кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг аст.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд марказҳои бонуфузи зеҳнии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст, ки ин аз таҳкими робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ ва фарҳангии ҳарду давлат шаҳодат медиҳад.








Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






