ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, шанбе, 2-юмин рӯзи соли 2021 аст
2 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро имзо карданд.
***
5 сол пеш, 2 январи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистони Шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
2 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар ИМА — Рӯзи миллии мӯъҷизаҳои илмӣ.
РӮЙДОДҲО:
2 январи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони байналмилалии «British Backpacker Society» оид ба имкониятҳои туристӣ ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуд.
***
2 январи соли 1968 дар Африқои Ҷанубӣ дуюмин маротиба дар ҷаҳон ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани дил сурат гирифт.
***
100 сол муқаддам, 2 январи соли 1921 Ҳизби коммунистии Люксембург таъсис ёфт.
***
2 январи соли 1988 ИМА ва Канада дар бораи савдои озод байни ҳам шартнома ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1961 ИМА муносиботи дипломатияшро бо Куба бекор кард.
***
2 январи соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомил шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.
***
Соли 1959 аввалин стансияи автоматӣ- байнисайёравии «Луна-1» ба кайҳон бароварда шуд.