ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, шанбе, 2-юмин рӯзи соли 2021 аст

Январь 2, 2021 08:00

2 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ва «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро имзо карданд.

***

5 сол пеш, 2 январи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистони Шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

2 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА — Рӯзи миллии мӯъҷизаҳои илмӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 январи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Созмони байналмилалии «British Backpacker Society» оид ба имкониятҳои туристӣ ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуд.

***

2 январи соли 1968 дар Африқои Ҷанубӣ дуюмин маротиба дар ҷаҳон ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани дил сурат гирифт.

***

100 сол муқаддам, 2 январи соли 1921  Ҳизби коммунистии Люксембург таъсис ёфт.

***

2 январи соли 1988 ИМА ва Канада дар бораи савдои озод байни ҳам шартнома ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1961 ИМА муносиботи дипломатияшро бо Куба бекор кард.

***

2 январи соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомил шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.

***

Соли 1959 аввалин стансияи автоматӣ- байнисайёравии «Луна-1» ба кайҳон бароварда шуд.

Январь 2, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш