Як корманди додгоҳи шикоятии Нангарҳор дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуд

Январь 14, 2021 15:28

ДУШАНБЕ, 14.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомҳо мегӯянд, ки ин ҳодиса наздики соати 09 субҳи рӯзи гузашта дар  наздикии ҳавзаи чоруми шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳори Афғонистон рух додаст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Тулӯъ нюс».

Мақомҳои додгоҳи шикоятии вилояти Нангарҳор рӯзи чоршанбе 13-уми январ мегӯянд, ки Абдулқаюм, як корманди ин ниҳод дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ҷон бохт ва Исматуллоҳ корманди дигари онон захмӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин рӯйдод наздикии соати нуҳи субҳ дар наздикии ҳавзаи чоруми шаҳри Ҷалолободи ин вилоят ҳангоме рух дод, ки афроди мусаллаҳ ба ин кормандон тирандозӣ карданд.

Мақомот вазъи саломатии Исматуллоҳро ки дар ин тирандозӣ захмӣ шудааст, хуб мегӯянд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳ, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Акс аз бойгонӣ

Январь 14, 2021 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд