Захарова дар бораи Маркази фарҳангии Россия дар Тоҷикистон нақл кард

Январь 19, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова дар брифинги охирин дар бораи ҳамкории фарҳангии Россия ва Тоҷикистон сухан гуфт, хабар додааст агентии Sputnik-и Россия 18 январ.

Дар брифинги ҳаррӯза намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова ба мавзӯи ифтитоҳи маркази фарҳангию маърифатии Россия дар Тоҷикистон дахл кард.

Вай зикр кард, ки лоиҳа бо ташаббуси созмони ҷамъиятии ҳамватанони Россия бо дастгирии сафорати Россия ва мақомоти маҳаллӣ татбиқ шудааст.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ба ширкати тоҷикии ТАЛКО барои расонидани кумак, яъне, ба таври ройгон додани бино барои марказ изҳори миннатдорӣ намуд.

Мария Захарова инчунин ба ҳамаи касоне, ки дар таъсиси ин марказ саҳм гирифтаанд, изҳори миннатдорӣ кард.

Намояндаи ВКХ Россия илова намуд, ки марказ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои таҳсил муҷаҳҳаз шудааст ва дар оянда дар он ҷо барои довталабоне, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Россия омодагӣ мегиранд, гузаронидани дарсҳо дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки нахустин маркази фарҳангӣ ва маърифатии Россия дар Тоҷикистон — «Созидание» 10 январ дар Турсунзода ифтитоҳ шуд. Лоиҳаро созмони ҷамъиятии «Русская община» бо дастгирии Сафорати Россия дар Тоҷикистон, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, епархияҳои калисои православии русӣ ва тоҷикистонӣ, намояндагии Россотрудничество, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва маъмурияти шаҳри Турсунзода ташкил намудаанд. Илова бар ин, дар татбиқи лоиҳа соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Марказ дар кори баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас, ҷамъияти русҳои шаҳр ва инчунин аҳолии шаҳри Турсунзода кумак хоҳад кард. Дар он забони русиро меомӯзанд, барои довталабоне, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Россия дохил шаванд, машваратҳо гузаронида хоҳанд шуд. Дар ояндаи наздик ифтитоҳи маркази таълимию методии забон ва адабиёти рус, студияҳои мусиқӣ, рассомӣ ва маҳфили математикӣ ба нақша гирифта шудааст.

                                                          АКСҲО аз ВКХ ФР ва Sputnik

Январь 19, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд