15 ҷангҷӯи «Толибон» дар Бағлони Афғонистон кушта ва захмӣ карда шуданд

Февраль 4, 2021 09:42

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Фармондеҳи полиси вилояти Бағлони Афғонистон изҳор доштааст, ки дар ҷараёни амалиёти муштараки неруҳои амниятӣ дар масири шоҳроҳи Бағлон-Самангон 15 ҷангҷӯи «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) кушта ва захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Khaama Press.

Фармондеҳи полиси вилояти Бағлони ҶИА Муҳаммад Вайс Самимӣ 3 феврал ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки шоми дирӯз дар як амалиёти муштараки нируҳои амниятӣ дар мавзеи Чашмаи Шир дар шоҳроҳи Бағлон-Самангон ҳашт ҷангҷӯи толиб кушта ва ҳафт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вай афзудааст, ки дар байни ифротиёни кушташуда як нафар аз сатҳи роҳбарии  гурӯҳ — Қорӣ Ҳафизуллоҳ низ ҳаст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Самимӣ инчунин изҳор доштааст, ки дар деҳоти Вазирободи атрофи шаҳри Пули Хумрӣ чанд деҳа ва русто аз ҷангиёни толиб поксозӣ шуд.

Инчунин, фармондеҳи полиси вилояти Бағлон аз пешравӣ ва оғози амалиётҳои густардаи муштараки неруҳои амниятӣ дар тамоми нуқоти ин вилоят хабар додааст.

Аз ҷумла ӯ қайд мекунад, ки рӯзи гузашта низ дар як амалиёти муштараки неруҳои амниятӣ дар вилояти Бағлон беш аз 20 ҷангии «Толибон» кушта ва захмӣ шуданд.

Дар идомаи ноамниҳо дар вилояти Бағлон, Ёсин Зиё, раиси ситоди муштараки артиш ду рӯз пеш барои баррасии авзои амниятӣ ва таҳкими ҷабҳаҳои мубориза бар зидди «Толибон» ба ин вилоят ташриф овард.

Дар айни замон шабакаи телевизионии tolonews.com. бо истинод ба  узви шӯрои вилояти Сари Пул Асадулло Хуррам хабар додааст, ки 3 феврал зимни ҳамлаи “Толибон” ба посгоҳи артиш дар рустои Оқ қабраки вулусволии Гӯсфанди ин вилоят шаш тан аз неруҳои амниятӣ кушта ва ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вай афзуд, ки дар даргириҳо шаш толиб низ кушта шудааст.

Февраль 4, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд