ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар беморхонаи минтақавии Сучони Шуғнон бинои иловагии дуошёна бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ барои табибону табобати беморон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шарикони рушд, ҳамчунин бо дастгирии сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон барои беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бинои иловагии дуошёна бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мутобиқи лоиҳаи сохтмон, дар ошёнаи якум ошхонаю ҳаммом ва дар ошёнаи дуюм се утоқ барои муолиҷаи беморон ташкил карда мешавад.
Сохтмони бино аз шашмоҳаи дуюми соли 2020 оғоз гардида, айни ҳол қариб 70 фисади корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудаанд.
Дар бунёди иншооти номбурда қувваи корӣ аз ҷониби худи сокинони Ҷамоати деҳоти Сучон ташкил карда шуда, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии беморхона аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд таъмин карда мешавад.
Мутобиқи нақша, бинои иловагии беморхона бояд то моҳи майи имсол мавриди истифода қарор гирад.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти номбурда дидан намуда, ба масъулини мақомоти дахлдори ноҳия дастури мушаххас дод, ки барои ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз буҷети ноҳия иловатан маблағҳои зарурӣ равона намоянд.








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






