Ҳамлаҳои террористӣ ва қатлҳои ҳадафманд дар Кобул ва Нангарҳори Афғонистон
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари рӯйдодҳои террористӣ ва қатлҳои ҳадафманд дар Кобул ва Нангарҳори Афғонистон се нафар кушта ва дувоздаҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Манбаъҳо мегӯянд, ки субҳи якшанбе, 7 феврал мошини хизматии Абдуллоҳ Осифӣ, роҳбари лоиҳаи TAPI Вазорати маъданҳои Афғонистон дар микрорайони ҷаҳоруми шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи ифротгароён қарор гирифт. Дар натиҷаи таркиши автомашинаи мазкур ронанда ва як ғайринизомии дигар маҷрӯҳ шуданд, аммо худи Осифӣ дар ин ҳодиса осеб надидааст.
Аз сӯи дигар, полиси Кобул мегӯяд, ки таркиши дуюм дар як автомашинаи «Corolla» дар минтақаи Арзон Қимат дар ҳудуди ноҳияи 12-уми шаҳри Кобул ба вуқӯъ пайвастааст, аммо талафот дар пай надоштааст.
Ҳамлаи сеюми террористӣ дар Қалъаи Довуд дар ноҳияи Пағмони Кобул сурат гирифт ва дар натиҷаи таркиш се сарбоз захмӣ шуданд.
Ҳамзамон бо ин, дар вулусволии Деҳ Сабзи Кобул ҷасади ду нафар ёфт шудааст, ки аз ҷониби шахсони номаълум кушта шудаанд.
Полис афзудааст, ки то ҳол чигунагии ин воқеаҳо маълум нест ва тафтишот идома дорад.
Инчунин хабаргузории TOLOnews итилоъ додааст, ки субҳи рӯзи якшанбеи 7 феврал дар вилояти Нангарҳор дар ду ҳодисаи ҷудогона як корманди полис кушта ва ҳафт нафари дигар, аз ҷумла се ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд.
Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор гуфтаанд, ки як посгоҳи амниятӣ дар мавзеи Чамтали ноҳияи Хугиёнии ин вилоят соати 5-и субҳ ҳадафи ҳамлаи маргталаб қарор гифтааст ва дар натиҷаи таркиши автомашинаи муҷаҳҳаз бо маводи тарканда як корманди полис кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳодисаи дуввум тақрибан соати 9-и субҳи ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳияи сеюми Ҷалолобод, маркази вилоят замоне рух дод, ки микроавтобуси полис ҳадафи минаи канори ҷода қарор гирифт.
Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин таркишҳо ва ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.