ҲАР РӮЗ – САТРЕ! Нависандаи номвари тоҷик Сорбон — роҷеъ ба таъсири пандемия ба эҷодиёташ ва дар бораи он ки оё вобаста ба ин давраи ҳаёти ҷомеа чизе навиштанист ё не

Февраль 18, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаиҶоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ   устод Сорбон ба наздикӣ  81-сола шуд. Хабарнигори   Радиои «Озодӣ» Искандари ФИРӮЗ ӯро  ба ин муносибат  табрик гуфта,  хамроҳаш мусоҳиба орост,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи нависанда, барои ӯ ин рӯз аз рӯзҳои дигар тафовуте надорад. «Ҳамон рӯзе, ки хуш бошад, он рӯз зодрӯз аст», — гуфт Сорбон.

Бисёр ҷолиб. Тавре Бедил фармудааст:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,
В-арна нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

ҲАР РӮЗИ ХУДО — ИНЪОМ АСТ

Хабарнигор аз нависанда суол кард, ки то чӣ андоза пандемия ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ таъсир расонид. Ва умуман оё ӯ ҳоло  ба кори эҷодӣ машғул аст ё не. Дар омади гап, Александр Сергеевич Пушкин, ҳангоми дар  мавзеи Болдино буданаш, ки,тибқи маъхазҳо, ба замони маҳдудияти вабо (солҳои 1824-1826) рост меояд, «парвоз»-и  фавқулодаи эҷодиро паси сар кардааст.  Шоири бузург он солҳо «Евгений Онегин», «Афсонаҳои Белкин», «Фоҷиаҳои хурд»-ро бо шумули «Мурдаро монда тутхӯрӣ»  эҷод намудааст.

Ва ё нависандаи бузурги худамон устод Садриддин Айниро мисол меорем: падар ва модари ӯ  дар рӯзҳои  хурӯҷи фарогири  вабо фавтидаанд. Аммо адиби барҷастаи истодагарӣ кард, тарси марг ӯро мағлуб насохт, аз деҳааш Соктаре  ба шаҳри Бухоро рафт, ба мадраса дохил шуд ва таҳсилро идома дод. Хаста нашуда, таҳсил мекард ва менавишт.

Агар аз рӯи ҷавоби Сорбон ба саволи хабарнигори Радиои”Озодӣ” қазоват кунем, реҷаи зиндагии адиб чандон тағйир напазируфтааст, чунки навиштан — шуғли танҳоӣ аст. «Ҳамон рӯз, ки ман як ҷумла ё як калима ё як сатр нанавиштам, он рӯз барои ман рӯз мабод«, — мегӯяд ӯ. Яъне нависанда принсипи  «Ҳар рӯз – сатре!»-ро шиори     кору зиндагии худ баргузидааст.   Ва,  дарвоқеъ,  дуруст ҳам кардааст,  чунки ҳар рӯзи Худо — инъом аст ва онро мебояд бо шукргузорӣ пазируфт ва  истифода намуд.

Ба гуфтаи Сорбон, ҳар рӯз навиштан дар синну соли  ӯ, албатта, мушкил аст, вале танҳо ҳамин ягона роҳи таъсиси зербанои натиҷаҳои оянда мебошад. Яъне, барои ин талош ва саъйи зиёде ба харҷ бояд дод. Баъзе аз ин кӯшишҳо, албатта, тавре ки мегӯянд, ба боди фано мераванд. Вале қисми дигар, бешубҳа, натиҷа ба бор хоҳад овард. Маҳз барои ҳамин нависанда ҳар рӯз менависад.

Сорбон мегӯяд: «Ман одатан рӯз не, шабона кор мекунам, хоб мекунам ва худ аз худ соатҳои ду бедор мешавам ва андаке ё чойи талх ё қаҳва менӯшам, каме мешинам, андеша мекунам, чизе, ки мехоҳам пайдо мешавад».

Дар посух ба сауоли он ки аз куҷо ва чӣ тавр имрӯзҳо барои асарҳояш мавзӯъ пайдо мекунад, Сорбон чунин ҷавоб медиҳад: «Зиндагии мо пур аз мавзӯъ, лекин онро ҷудо карда, хоста ва, гуфти устоҳо, дар қолаб рехта, устувор кардан лозим аст. Магар аз адабиёти классикӣ то имрӯз одамон мавзӯъ наёфтанд? Нависанда пеш аз худаш гузаштагӣ корҳоро, мавзуӯъҳоро менависад, кору кирдорҳоро менависад, лек нест касе, ки ояндаро нависад. Оянда чи мешавад, ҳеҷ кас намедонад».

Сорбон мегӯяд: «Ояндаи тахайюлӣ (манзур: асарҳои детективӣ. – ташреҳи АМИТ «Ховар»)  ин дар афсонаҳоҳост ва барои бачаҳо … менависанд, ман аслан ба ин мавзӯъҳо даст намезанам».

ОЁ  ДАР БОРАИ  КОРОНАВИРУС  МЕНАВИСАД?

Дар посух ба ин суол нависанда чунин мутазаккир шуд: «Ин мавзӯе, ки гуфтед, мавзӯи вабо аст ё ки офат аст ё ки сохта аст ё ки табиӣ аст, касе намедонад. Як мавзӯи дарҳам барҳам. Кас намедонад, ки аз куҷои ин дорад ва чӣ гӯяд. Лекин, одамон шояд нависанд, ман ҳам андеша дорам, лекин ҳоло ҷуръат намекунам. Чунки маълум нест, ки чӣ аст?».

Дар омади гап, бисёр нависандагон дар бораи вабо навиштаанд: Айнӣ дар «Ёддоштҳо», Боккаччо дар «Декамерон», Дефо дар «Рӯзномаи соли вабо …», Пушкин дар «Мурдаро монда тутхӯрӣ», Эдгар По дар «Ниқоби марги сурх», Лагерквист дар «Пакана», аммо навиштаҳои ҳеҷ кадоми онҳо ба вабо, ҳамчун шакли мавҷудияти инсон бахшида нашудаанд. Барои Камю вабо — қаҳрамони асосӣ, қудратманд, бераҳм аст ва ба мардум интихоби дигаре намемонад, ҳатто барои мулоҳиза кардан дар бораи он ки ин балои Худо аст, ҷазо барои гуноҳон  ё танҳо тасодуфи фоҷиабори ҳодисот. Вале дар вабо инсон вуҷуд дорад, дар он ӯ мемирад, аммо дар он бар зиддаш мубориза мебарад ва ҳатто пирӯз мешавад…

РӮИ ЧӢ КОР МЕКУНАД?       

Тавре аз суҳбати хабарнигор бо нависанда бармеояд, таваҷҷуҳи Сорбонро вақтҳои охир мавзӯъҳои таърихӣ ба худ ҷалб кардаанд.

«Мавзӯе, ки ман мехостам воқеан нависам, ин мавзӯи зардуштия ва маздакия аст. Андак  бемор шудам ва ба зардуштия қувватам нарасид. Ман ният дорам дар бораи Маздак нависам, дини маздакия ин дини дигар аст, ин баъд аз дини зардуштию дини монавӣ.  Як кӯшише кардам, вале нимкола монд, бистариям имкон надод, ки ҳамонро давом диҳам. Иншоаллоҳ қариб ба охир расидааст. Ҳамонро мехохам ба мардум, саломатиям агар имкон диҳад, пешкаш кунам», — зикр кард ӯ.

Воқеан, дар ин мавзӯъҳо агар нависандаи тоҷик нанависад, кӣ менависад?  Зардуштия (бо номи пайғамбар Зардушт), ки дар ҳазораи аввали пеш аз милод ҳамчун яке аз динҳои тавҳидии ҷаҳон зуҳур намудааст, бо таърихи халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Ин ҷашни пайғамбар Зардушт (Зартушт), аҷдоди тоҷикон аст,  ҷашнест, ки дар рӯзи баробаршавии зимистонии шабу рӯз (21 ё 22 декабр) таҷлил мегардад. Ин ҷашни махсус, ба қавле,  иди бунёдии сокинони бумии ин сарзамин аст, ки онро оташпарастон солҳо пеш аз муҳоҷирати туркҳо таҷлил мекарданд.  Туркҳо, албатта, бо мардуми маҳаллӣ омехта шуда, ба онҳо забонашонро ёд доданд ва дар ивазаш   таомҳои миллӣ, урфу одат, иду ҷашнҳо, алахусус Наврӯзи тоҷиконро, ки ҳоло ба иди байналмилалӣ табдил ёфтааст, пазируфтанд.

Маздакия низ таълимоти фалсафии динӣ мебошад, ки аз бисёр ҷиҳатҳо ба зардуштия шабеҳ аст ва он низ дар сарзамини мо пайдо шудааст. Таълимот номи пешвои ҷунбиши маздакиён — Маздакро гирифтааст (ҳарчанд ки худи таълимот дар авохири асри III дар зери таъсири  дини монавӣ ба вуҷуд омадааст). Ва асосгузори таълимот   Зардушт мебошад.

Хулласи калом, ақидаи марказии маздакия ин аст, ки раванди ҷаҳонии мубориза миёни рӯшноӣ (некӣ, адолат, оқилона ва табиӣ амал кардан) ва торикӣ (бадӣ, ки дар зоти худ бесарусомонӣ ва тасодуф аст) ҳатман хотима хоҳад ёфт (аллакай дар «ин ҷаҳон») ва   некӣ бар бадӣ пируз ҳоҳад  омад.

Аз ин лиҳоз мутолиаи асари нави Сорбон барои ҳама, чи калонсолон ва чи ҷавонон ҷолиб хоҳад буд.

ОИД БА НАСРИ МУОСИР ЧӢ АНДЕША ДОРАД?

Сорбон ҳамчун намояндаи насри муосири адабиёти тоҷик,  дар посух ба ин суол чунин изҳори назар намуд: «Ин навиштанҳо ба нависандагии ҳақиқӣ…, мо дар мактаби адабиёти Аврупо, адабиёт, насри бузурги рус, адабиёти Ҳинд, адабиёти Чин ва Япония [омӯхта] бузург шудаем, ман ҳамин хел андеша дорам, ки мо дар наср [имрӯз] то ҷое [ки мебояд] нарасидаем. Бовар кунед, менависем, пешниҳод мекунем, чоп мекунем, то ҷое, ки насри ҷаҳонӣ ба ҷое расида бошад, мо думбола нагирифем. Ҳар кас ҳар чи хоҳад менависад».

                                                                                             Саид АЛӢ,
                                                                             Бекназари АБӮБАКР.

                                        АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Сорбон (пури Ҳамроҳ) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар кафедраи забони тоҷикӣ кор кардааст. Баъдтар дар ВАО ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Вай соли 1965 ба навиштани ҳикояҳо шурӯъ кард ва аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи «Гап дар дил» соли 1969 ба табъ расид. Муаллифи ҳикояҳо ва романҳои машҳури «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Актёр», «Афсонаи Писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» , «Санам», «Шаҳрбону» ва якчанд асарҳои дигар мебошад. Филмсозони тоҷик аз рӯи асарҳои Сорбон якчанд филмҳои бадеӣ ба навор гирифтаанд. Нависанда инчунин асарҳои Лев Толстой, Фёдор Достоевский, Николай Островский, Нодар Думбадзе, Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Февраль 18, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад