Аввалин машварати сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал аввалин машварати сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвили роҳбарӣ намуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Гурҷистон Давид Залкалиани бо тартиби корӣ Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






