«АЗ ДАҲОНАТ ШАМОЛ БАРАД!». Табибони тоҷик бо пешгӯиҳои табиб-кардиологи рус Александр Мясников розӣ нестанд

Февраль 4, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табиби рус ба муваффақияти Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус изҳори шубҳа кардааст. «Мутаассифона, Тоҷикистон аввалин кишваре нест, ки худро дар мубориза бо коронавирус ғолиб эълон мекунад»,-иброз дошт сардухтури Беморхонаи шаҳрии клиникии Москва №71 ба номи М.Жадкевич,  Табиби  шоистаи Москва, барандаи телевизион ва нависанда Александр Мясников 27 январ дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии Россия Sputnik.

«Дар асл, агар 1% аҳолӣ воқеан дар Тоҷикистон бемор бошад, ин маънои онро дорад, ки коронавирус меояд —  аз он ҷоии гурез нест. Мавҷи аввал набуд, мавҷи дуюм хоҳад омад ва агар дуюм пешгирӣ карда шуд, мавҷи сеюм  меояд. Ҷое нест, ки эълон медоштанд «ниқоб пӯшед» ва карантин ҷорӣ мекарданд, ғолиб  омада бошад”, —  шак овардааст табиб.    

Мясников тахмин кардааст, ки мавҷи воқеии коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст.

«То он даме, ки фоизи муайяни аҳолӣ бемор нашавад, COVID-19 аз байн намеравад. 1% аҳолии беморшуда —  ин ҳатто хуруҷ нест»,-гуфтааст   Мясников.

Аммо тахминҳои Мясниковро мудири кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб Ниёз Одинаев рад мекунад. «Вазъ дар мамлакати мо доир ба рафъи пандемияи коронавирус назар ба дигар давлатҳо хеле хуб буд ва коронавирус моро ба зудӣ тарк кард. Хатари такроран ба коронавирус гирифтор шудани мардуми мо вуҷуд надорад.  Зеро муҳит ва иқлими мо ба вирус  созгор наомад. Омилҳои фасли тобистон: хушкӣ, гармӣ ва нурҳои ултрабунафш вирусро заиф сохтанд ва бештари  аҳолии мо   аз ин вируси заифгашта сироят ёфтанд. Ҳатто акасарияти аҳолӣ чӣ тавр паси сар кардани ин бемориро эҳсос накарда,  антитела пайдо намуданд. Аз ин сабаб  дар мамлакат масунияти ҷамъиятӣ  ё ҳамагонӣ ба вуҷуд омад.

Барои тасдиқи ин суханҳо метавонам иброз намоям, ки зимни тадқиқоти лабораторие, ки моҳҳои октябр- ноябри соли гузашта   доир карда шуданд, аз 129   нафаро омӯзгорони  макотиби олӣ  дар хуни 71,3 фоизи онҳо антитела муайян  гардид. Инчунин аз 109 нафар корманди бозори «Корвон» дар 78 фоизи онҳо антитела муайян гардид, ки ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари мардуми мамлакати мо дорои масуният   мебошанд. Тибқи қонуни эпидемиологӣ, барои соҳиб шудан ба масунияти ҷамъиятӣ 70 фоизи шаҳрвандон бояд дорои антитела бошанд». 

Муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарии эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлатзода чунин зикр намуд: «Ба мо маълум нест, ки Александр Мясников мутахассиси кадом соҳа аст. Тавре медонем, дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нав ба қайд гирифта шуд. Аз лаҳзаи аввали бақайдгирии коронавирус чораҳои пешгирӣ, табобат ва мубориза бар зидди беморӣ зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор гирифтанд ва Тоҷикистон  дар мубориза бо бемории COVID-19 пирӯз гардид. Бояд гуфт, ки аз охирҳои моҳи декабри соли 2020 то имрӯз дар мамлакати мо ягон ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имконияти воридшавии вирус вуҷуд дорад ва мо инро инкор карда наметавонем, зеро ҳамарӯза ба Тоҷикистон аз 1000 то 1300 нафар шаҳрвандоне, ки дар Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд, ворид мешаванд. Ҳоло барои  пешгирии вуруди  беморӣ ба Тоҷикистон дар 28 гузаргоҳи сарҳадии давлатӣ назорат пурзӯр гардида, дар он ҷо нуқтаҳои санитарию карантинӣ фаъолият мекунанд. Шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамаҷониба аз ташхиси зарурӣ гузаронида, бо карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Аз оғози моҳи январ дар Тоҷикистон бемории сироятии COVID-19 аз байн рафтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба саломатии худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир намоем. Балки имрӯз бояд аз пештара ҳам ҳушёртар бошем, ба қоидаҳои беҳдоштӣ, шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем».

Александр Мясников кист?

Александр Мясников табиби ирсӣ (авлодӣ) аст. Дар оилаи онҳо се насл бо тиб пайванди ногусастанӣ доштанд ва онҳо дар ин соҳа ба қуллаҳои назаррас расидаанд — бобояш академики Академияи илмҳои тиббии ИҶШС буд, ки китобҳои дарсии ӯ то ҳол ба ҳама донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ маълуманд. Бобокалони ӯ табиби умумӣ-ҳамаи дардҳо буд.

Падари Александр дар мактаби ҳарбӣ-баҳрӣ таҳсил мекард, аммо баъдан бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори табобатӣ гузашт. Модараш низ тасодуфан ба соҳаи тиб мегузарад —  солҳои  донишҷӯи Донишкадаи авиатсионӣ буданаш пояш  осеб мебинад ва дар беморхона ба касби табибӣ меҳр мебандад. Ҳуҷҷатҳояшро бозпас гирифта, ба мактаби олии тиббӣ месупорад.

Худи Александр Леонидович Донишкадаи тиббии Москва ба номи Н.И.Пироговро хатм карда, ординатура ва аспирантураро дар Институти клиникии кардиологияи ба номи А.Л. Мясников гузаштааст. Ӯ рисолаи номзади илмҳои тибро ҳимоя кардааст. Вай ба ҳайси табиб барои гурӯҳи геологҳо дар Африка, Ҷумҳурии Мозамбик, Ангола, дар сафорати Россия дар Франсия фаъолият кардааст.

Аз соли 1996 ӯ дар ИМА  кор карда, дар он ҷо ординатураи назди Маркази тиббии Донишгоҳи давлатии Ню Йоркро бо ихтисоси “табиби амалияи умумӣ” ба итмом расонидааст. Соли 2000 аз ҷониби Кумитаи амрикоии тиб ба ӯ унвони табиби дараҷаи олӣ дода шудааст. Узви Ассотсиатсияи тиббии Амрико ва Коллеҷи табибони Амрико мебошад. Соли 2000 ӯ ба Россия баргашта, дар Москва аввал ба ҳайси сардухтури Маркази тиббии Амрико, сипас ба ҳайси сардухтури клиникаи амрикоии ташкилкардаи худаш фаъолиятро идома медиҳад.

Солҳои 2009-2010 сарпизишки беморхонаи Раёсати корҳои Президенти Федератсияи Россия дар Кремл буд. Ҳамзамон ӯ дар ин давра ҳамчун барандаи телевизион дар барномаи «Духтур даъват намудед?» дар «Шабакаи сеюм» (баъдан дар канали телевизионии ТВЦ) худро месанҷад.

Аз соли 2010 то ба имрӯз ӯ сардухтури Беморхонаи шаҳрии клиникии Москва ба номи М.Е.Жадкевич мебошад.

Дар робита ба пандемияи COVID-19 ӯ муносибати некбинонаи худро нисбат ба ин вирус ба таври ошкоро изҳор доштааст. Аз ҷумла, 18 марти соли 2020 дар мусоҳиба бо «Новые Известия» ӯ чунин гуфт: «Бубинед, мо бо табиат, бо муҳити зист чӣ кор карда истодаем, чӣ гуна Заминро ифлос мекунем. Сайёра ҳуқуқи дифоъ аз худро дорад. Шояд эпидемияи кунунӣ посухи табиат ба маҳв кардани он аз ҷониби инсон бошад».

Ин мавқеи Мясников, ки воқеан ба шоумен табдил ёфтааст, аз ҷониби дигар табибон, аз ҷумла табибони худи  Россия танқид карда шуд. Шояд ба ҳамин далел, ҳатто Думаи Давлатии Россия талаб кард, ки дипломи тиббии ӯро бекор кунанд.

Дар мавриди пешгӯии  афтодарӯҳонаи  доктор Мясников дар бораи вазъи коронавирус дар Тоҷикистон метавон гуфт, ки тақрибан ҳар нафари сеюм ҳоло ҳамин тавр маъюс ва пессимист аст. Ин тарзи тафаккурест, ки бар пояи умеди бад ва радди ояндаи  нек  ба вуҷуд меояд.

Тоҷикон дар чунин ҳолатҳо мегӯянд: «Аз даҳонат шамол барад!». Ба русҳо низ ин ибора шинос аст, филми русӣ бо номи «Бигзор суханони маро бод барад» мавҷуд аст. Инак, мехостем ба табиби муҳтарам Мясников бигӯем: «Бигзор суханони шуморо бод барад!»

Саид АЛӢ,
Холисаи АСОМИДДИН,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
Бекназари АБӮБАКР
АМИТ «Ховар»

P.S. Ҳангоме ки маводи мо ба чоп омода мешуд, доктор Александр Мясников боз як пешгӯӣ кард — ин дафъа дар бораи Россия. Имрӯз дар ин бора, 4 феврал, рӯзномаи «Вечерняя Москва» навишт. “Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус боз ҳам зиёд мешавад. Се-чор моҳ илова кунед ва афзоиши он ба  тобистон рост меояд. Аммо, шояд тобистон ба мо омад кунад,  вале дар тирамоҳ ин комилан аниқ аст», — гуфтааст табиб.

Февраль 4, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд