Азизулло Исматзода: Терминали мусофиркашонӣ, ки қаблан аз кор монда буд, дубора фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳати рафъи мушкилоти соҳаи нақлиёт ва бартараф намудани танбашавии сунъӣ дар ҳудуди роҳҳои марказии ноҳияи Рӯдакӣ Терминали мусофиркашонӣ, ки қаблан аз фаъолият боз монда буд, дубора фаъол карда шуд. Айни ҳол тамоми хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии ноҳия аз ин терминал ҳаракатро субҳи барвақт оғоз менамоянд, ки ин то андозае ба коҳиши танбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар омилҳои марбут ба роҳ мусоидат намуд. Дар ин бора имрӯз раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ ба намондагони ВАО-и мамлакат маълумот дод.
Ҳамзамон Азизулло Исматзода оид ба фаъолияти дигар соҳаҳо дар ноҳия дар зарфи як сол сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия 1 миллиарду 171 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия ҳиссаи бахши саноат 38,1 фоиз, самти кишоварзӣ 60 фоиз, дигар соҳаҳо 1,9 фоизро ташкил медиҳад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






