Ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид

Февраль 15, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фонди хайриявии «Ситораи Файзбахш» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим намуд. Мошинҳои  ёрии таъҷилӣ бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мувофиқи эҳтиёҷ ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Нақлиёти тиббӣ, ки ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҳамчун кумак дастрас шудааст, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалини тиббӣ ба сокинони пойтахт пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад. Муассисони Фонди хайриявии «Ситораи Файзбахш»  изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои хайру эҳсонкориро идома дода, дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳа саҳми муносиб мегузоранд.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардид. Солҳои охир бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии пойтахт беҳтар ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир буда, масъалаи таъмини муассисаҳои соҳа бо доруворию таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва хизматрасонӣ роҳи ҳалли худро пайдо намудааст.

Февраль 15, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд