Дар арафаи Наврӯз нахустин осорхонаи роҳи оҳан дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон нахустин осорхонаи роҳи оҳан ифтитоҳ мешавад, иттилоъ дод раиси иттифоқи касабаи коргарони роҳи оҳани Тоҷикистон Зикрулло Ҳамидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Айни замон Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» фаъолона ба ташкили ин осорхона дар кишварамон машғул аст. Маҳали ҷойгиршавии ояндаи ӯ аллакай интихоб шудааст. Он дар Хонаи фарҳанги кормандони роҳи оҳани Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд», — шарҳ дод мусоҳиб.
Осорхона пурра дар ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хоҳад буд, маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷавии идора сурат мегирад.
Дар музей тамошобинон метавонанд бо нигораҳои ҷолиб, аз ҷумла аввалин тепловозе, ки моҳи сентябри соли 1929 ба Душанбе омадааст, шинос шаванд.
АКСИ Иттифоқи касабаи коргарони роҳи оҳани Тоҷикистон








«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






