Дар Бадахшон низоми бонкӣ тамоюл ба рушд дорад

Февраль 14, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 14.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зайнулараб Қозидавлатзода зикр кард, ки пайомадҳои ғайримуқаррарӣ ва авҷи пандемия дар соли сипаригардида тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷузъи таркибии он аст, аз ҷумла ба фаъолияти низоми бонкии вилоят таъсири бевосита расониданд. Аммо мувофиқи маълумоти оморӣ, фаъолияти низоми бонкии вилоят тамоюл ба рушд дошта, давоми соли сипаришуда новобаста аз монеаҳое, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории ҳамагир эҷод шуданд, тавонист бақияи қарзҳоро нисбат ба соли 2019 то 21,4%, қарзҳои додашударо то 28,8%, бақияи амонатҳои шахсони воқеиро то 17,7% фоиз зиёд намояд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сарфи назар аз ин шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соли 2020 баҳри баланд бардоштани фаъолияти низоми бонкии вилоят корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар ин сол дар ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим ва шаҳри Хоруғ се бинои боҳашамати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо таҳҷизоти муосиру замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Яке аз дастовардҳои дигари назаррас- ин кушодани маркази хизматрасонии бонкии ҶСП Бонки «Арванд» дар шаҳри Хоруғ мебошад. Баъди оғози фаъолияти воҳиди сохтори мазкур шумораи кормандони низоми бонкӣ ба 544 нафар расид, ки аз ин 46 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.

Шумораи филиалҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба 21 адад, саридораи ташкилоти маблағгузории хурд ба 3 адад, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба 53 адад расида, дар маҷмӯъ ҳоло дар қаламрави вилоят 77 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият мекунанд.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар соли 2020  84,9 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаришуда 18,98 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 47,9 млн. сомонӣ ё 56,42 фоизи он ба филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» рост меояд.

Дар баробари ин фарогирии зиёди аҳолӣ ба маҳсулоти қарзӣ сабаби  зиёд шудани шумораи қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ гашта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз афзоиш ёфт.

Зиёд шудани шумораи қарзҳои хурду миёнаи ба муштариён дода шуда, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна аз дастрасии бештари аҳолӣ, хусусан аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба маҳсулоти қарзӣ гувоҳӣ медиҳад.

Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии вилоят дар сатҳи муътадил қарор дошта, бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ташкилоти қарзии нигоҳдошташаванда сол ба сол зиёд мегардад. Бақияи амонатҳои шахсони воқеӣ 273,3 млн. сомониро ташкил дода, аз ин бақияи амонатҳо бо асъори хориҷӣ ба 89,7 млн сомонӣ баробар аст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,2 млн. сомонӣ ё  18 фоиз афзудааст.

Февраль 14, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9105 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1145 то 0.1183 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3086 то 9.3400 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1151 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2742 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8211 то 10.9400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1137 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8916 то 10.9600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2511 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1185 то 0.1192 сомонӣ муқаррар шудааст