Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд

Март 17, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба Эъломияи Кейптаун оид ба Суғуртаи Фарогир (Cape Town Declaration on Inclusive Insurance) ҳамроҳ гардида, ба ин васила ба Ташаббуси Дастрасӣ ба Суғурта (Access to Insurance Initiative — A2ii) пайваст шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин бонк.

Ташаббуси Дастрасӣ ба Суғурта бо мақомҳои назорати суғуртавии кишварҳои аъзо барои густариши фарогирии хизматрасониҳои суғуртавӣ дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Иштирокчиёни асосии он бонкҳои марказӣ, мақомоти назорати суғуртавӣ, вазоратҳои молия, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, марказҳои таҳқиқотӣ ва шабакаҳои шарикӣ, аз ҷумла Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) мебошанд.

Ташаббуси Дастрасӣ ба Суғурта ҳамчун ибтикори байналмилалӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи байналмилалии мақомоти назорати суғуртавӣ (IAIS), Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ва дигар шарикони рушд таъсис шуда, аз соли 2009 инҷониб дар самти омӯзиши донишҳои соҳавӣ, мусоидат ба табодули таҷриба байни мутахассисони бахши суғурта ва тақвияти муколама байни танзимгарон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор нақши муҳим мебозад.

Ҳадафи асосии ин ташаббус тавсеаи фарогирии суғуртавӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин замина якчанд самтҳои калидӣ, аз ҷумла дастгирии татбиқи Эъломияи Кейптаун оид ба суғуртаи фарогир, рушди равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи суғуртаи фарогир ва ташкили платформаҳои табодули таҷриба барои танзимгарони соҳа амалӣ мегарданд.

Самтҳои асосии фаъолияти Эъломияи Кейптаун танзими назорати суғуртаи хурд, рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, суғурта аз офатҳои табиӣ, баробарии гендерӣ, фарогирии молиявӣ ва таҳкими иқтидори касбии мақомоти танзимкунандаи соҳаи суғуртаро дар бар мегиранд. Эъломияи мазкур дорои панҷ ҳадафи сатҳи баланд (High-Level Goals) мебошад, ки ба самтҳои стратегии рушди назорати суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд. Пайвастан ба ин ташаббус барои низоми суғуртаи Тоҷикистон имкони дастрасӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ, такмили қонунгузории соҳавӣ, рушди равандҳои инноватсионии суғуртаи фарогири ба танзиму назорат нигаронида, таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва густариши ҳамкории байналмилалиро фароҳам меорад.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 17, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд