Дар Чемпионати кушод оид ба баскетбол миёни варзишгарони маъюб дастаи Душанбе-1 ҷойи якумро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи маъюбон даври ниҳоии Чемпионати кушод оид ба баскетбол миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, ки дар он дастаи Душанбе-1 ҷойи якумро соҳиб шуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи Душанбе — 2 шуда, ҷойи сеюмро дастаи Хатлон ишғол намуд. Дар охир ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чемпионати мазкур 18 нафар варзишгарон дар 3 даста, аз ҷумла ду даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати мазкур бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






