Дар Данғара фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли гузашта бо усули “хона ба хона” дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва шабакаҳои барқии ноҳия, бахши ҷавонон ва занон дар корҳои таблиғу ташвиқи мардум оид ба масъалаҳои пешгирии сокинон аз хавфи бемории КОВИД–19, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ҳамзамон аз тарафи фаъолони ҳизб ба оилаҳои камбизоати ноҳия маводи ғизоии якдафъаина, маводи зидди сирояти КОВИД-19 тақсим гардида, корҳои фаҳмондадихӣ тақвият дода шуданд.
Ин матлабро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Данғара Пирмаҳмад Каримзода 8 феврал зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ки дар толори Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён ва аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳалла, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва фаъолон доир шуд, изҳор намуд.
Дар ҳамоиш натиҷаи фаъолияти яксолаи ҳизб дар ноҳия натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатиро барои соли 2021 муайян шуданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар асоси нақшаи корӣ дар соли 2020 конференсияҳои муштараки ҲХДТ-ро дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак ва Конференсияи ХХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Данғара гузаронид. Дар ноҳия 116 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ амал карда, 6864 нафар аъзоро дар бар мегиранд, ки аз онҳо 2749 нафарашон занон буда, 1471 нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Соли 2020 дар ноҳияи Данғара 206 нафар асосан аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ба узвияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Дар ҷараёни маҷлис инчунин муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён сухан гуфтанд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳа ва ташкилоти зертобеи он дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021 ба итмом расида, дар фарҷом ба як гурӯҳ фаъолон сипосномаю ифтихорномаҳои ҳизбӣ туҳфа карда шуданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






