Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъомади идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад Ректори Донишгоҳ, профессор Нуралӣ Шоҳиён ҳайати шахсии афсарону курсантони кафедраи ҳарбии донишгоҳ, сарбозони қисми низомии ҳудуди ноҳия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароиту имконият дар самти хизмати ҳарбӣ ёдовар шуд.
Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён ҳамчунин зикр кард, ки “Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст”.
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар баробари таҳсили олӣ ба машғулияти ҳарбӣ фаро гирифта шуда, аз тарафи афсарони пуртаҷриба дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо шароити муосири таълимӣ ба омӯзиш ва машқҳои мунтазами ҳарбӣ ҷалб гардида, дар баробари гирифтани малакаю маҳорат соҳиби аввалин рутбаи ҳарбӣ-лейтенанти хурд мегарданд. Ин барои баланд гардидани сатҳи худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расидани онҳо таъсири мусбат мерасонад.










Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






