Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъомади идона доир шуд

Февраль 22, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад Ректори Донишгоҳ,  профессор Нуралӣ Шоҳиён    ҳайати шахсии афсарону курсантони кафедраи ҳарбии донишгоҳ, сарбозони қисми низомии ҳудуди ноҳия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ  ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароиту имконият дар самти хизмати ҳарбӣ ёдовар шуд.

Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  ҳамчунин зикр кард, ки “Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст”.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар баробари таҳсили олӣ ба машғулияти ҳарбӣ фаро гирифта шуда, аз тарафи афсарони пуртаҷриба дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо шароити муосири таълимӣ ба омӯзиш ва машқҳои мунтазами ҳарбӣ ҷалб гардида, дар баробари гирифтани малакаю маҳорат соҳиби аввалин рутбаи ҳарбӣ-лейтенанти хурд мегарданд. Ин барои баланд гардидани сатҳи худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба камол расидани  онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Февраль 22, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад