Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ 4 ихтисоси нав таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар донишгоҳи мо 4 ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи воқеӣ мегузорад. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Гулзорхон Юсуфзода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ беш аз 3 ҳазор донишҷӯ дар 8 факулта бо 51 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Хушбахтона, соли 2020 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар донишгоҳ 4 ихтисоси дигар таъсис дода шуд.
Давоми чанд соли охир дар баробари сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят донишҷӯён аз дигар манотиқи кишвар низ дар донишгоҳи мазкур таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






