Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Февраль 25, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид.

Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Носирҷон Мирзоев иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ   дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон пешниҳод гардид.

«Сарвари давлат дар Паём оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр сохтанд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд», -зикр намуд мавсуф.

Кӯҳзод Шодиев дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат- роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ» иброз дошт, ки дар Паём ба якчанд масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, ҷори намудани инноватсия дар истеҳсолот, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Муовини директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷумахон Муминзода нуктаҳои муҳими Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, гуфт, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар анҷоми ҳамоиш ректори донишкада, профессор Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллатро  мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Носирҷон Мирзоев, муовини директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ», номзади илмҳои тиб Ҷумахон Муминзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Кӯҳзод Шодиев, Раёсати донишкада ва доираи васеи устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Февраль 25, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид