Дар ду рӯйдоди зидди амният дар Кобул ду тан ҷон бохтанд

Февраль 9, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Шаҳри Кобули Афғонистон субҳи имрӯз (сешанбе, 9 феврал) бори дигар шоҳиди ду ҳодисаи зидди амниятӣ гардид, ки дар натиҷа ду тан ҷон бохтанд ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Манобеи амниятӣ гуфтанд, ки субҳи имрӯз афроди ношиноси мусаллаҳ як автомашинаро дар мавзеи Боғи Довуди ноҳияи панҷуми шаҳри Кобули ҶИА тирборон карданд, ки  дар натиҷа ду нафар кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Манбаъҳо илова карданд, ки ҳадафи ин ҳамла кормандони Раёсати эҳё ва инкишофи деҳоти вилояти Майдон Вардак будаанд ва Риёз Аҳмад, сарпарасти раёсати мазкур низ маҷрӯҳ шудааст.

Аз сӯи дигар, соати 9:20 субҳи имрӯз дар натиҷаи таркиш дар автомашинаи “Land Cruiser” дар минтақаи микрорайони аввали ноҳияи шонздаҳум ду нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъулияти ин воқеаҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Февраль 9, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид