Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Чакомаи гесӯ» ҷамъбаст гардид

Февраль 24, 2021 16:21

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври шаҳрии Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Дар оғози фестивали мазкур меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй ва ғайра, ки аз ҷониби занону бонувони ноҳияҳои Шоҳманур, Фирдавсӣ, Сино ва Сомонӣ ба тамошо  гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат иттилоъ мудиҳад, дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки ҳадафи баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, аз қабили мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва ба ин васила рӯйи кор омадани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозию оинасозӣ, кошонаҳои ҳусн ва талқини зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, бахусус ҷавондухтарон мебошад.

Мавсуф зикр дошт, ки фестивали мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва дар асосии  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали 2021 созмон дода шудааст.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр намуд, ки «Чакомаи гесӯ» нахустин фестивале мебошад, ки дар арафаи Рӯзи Модар баргузор мегардад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки то имрӯз дар саросари мамлакат даврҳои ноҳиявӣ ва вилоятии он баргузор гардида, иштирокчиёни беҳтарини он ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳадафи асосии ин фестивал зебоипарастист, ин зебоипарастиро мо аз гузаштагони худ мерос гирифтаем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос мегузорем.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир гардида, баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарғиби парвариши гесӯ ва ташвиқи ҳунари зебоипарастии занону бонувон мусоидат намуда истодааст.


Фестивали шаҳрӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, композитсияи адабӣ, намоиши ороиши мӯйбофӣ бо либосҳои қадимӣ, муосир, пардозгарӣ аз ҷониби машшотаҳо, анъанаҳои миллӣ ва бахши фарҳангӣ иборат буда, он аз ҷониби ҷавонписарону ҷавондухтарони пойтахт пешкаш карда шуд.

Баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» имкон медиҳад, ки паҳлуҳои ҳанӯз норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ, пардози  рӯйю мӯй вобаста ба талаботи замони муосир, муаррифии анъати асили шонатарошию сурмапаӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбофӣ ва дигар унсурҳои ин бахши ҳунари миллӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шаванд.

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 24, 2021 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд