Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали заргарии «Ҳунар омӯз …» ҷамъбаст гардид

Февраль 11, 2021 17:23

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали заргарии «Ҳунар омӯз …» баргузор гардид, ки ҷойи аввалро ҶСК «Зари тоҷик», ҷойи дуввумро ҶСК «Карон гавҳар» ва ҷойи сеюм ҶДММ «Тоҷик кристалл» сазовор гардиданд.

Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз …» дар робита ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Даври шаҳрии Фестивали заргарии «Ҳунар омӯз …» бо рақобати солими довталабон аз чор ноҳияи пойтахт, ки ҳунармандони зиёдро фаро мегирифт, баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода сухан гуфта, сипас ҳайати ҳакамон ва меҳмонон аз маҳсулоти пешниҳод намудаи ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт дидан намуданд.

Зикр шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудаанд.

Ҳадафи баргузории Фестивали мазкурро масъулин дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи заргарӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари заргарӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Ба гуфти заргарон, дар кори онҳо омехтаи нуқра бо мис беҳтар истифода мешавад.  Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ- зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи чангӣ аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра истифода менамоянд. Зимни омода намудани маснуот сангҳои гаронбаҳову рангаи лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, каҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо ба кор мераванд. Аз маводи табиӣ устухони фил, садаф, марворид ва чандеи дигар истифода мешаванд.

Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд.

Дар солҳои пеш заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд. Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тиллоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо гудохта мерехтанд. Сипас бо навъҳои сӯҳон онро соида, ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги гаронбаҳоро насб мекарданд.

Дар фарҷоми озмуни заргарӣ ғолибони фестивал бо мукофотҳои хотиравӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 11, 2021 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд