Дар Душанбе лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд

Февраль 24, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир босамар татбиқ гаштани барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ дар мамлакат ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, барои таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти миллӣ мубаддал гардад, замина гузошта истодааст.

Ин матлаб зимни муаррифии Лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025, ки имрӯз зимни ҳамоише дар Душанбе сурат гирифт, баён гардид.

Зикр шуд, ки лоиҳаи Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 дар доираи муқаррароти Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, дар он самтҳои афзалиятноке, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Парлумони мамлакат баён гардидаанд, ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи барномаи мазкур моҳи январи имсол бо иштироки намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони байналмилалӣ муҳокима гардид ва ҳадафаш ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани лоиҳаи барнома мебошад. Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва мансубияти идоравӣ андешаҳои худро  изҳор намуданд.

Февраль 24, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид