Дар Душанбе пардохти роҳкиро дар баробари корти электронӣ бо истифодаи телефонҳои мобилӣ низ пешниҳод гардидааст

Февраль 18, 2021 13:45

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари  истифодаи умуми шаҳри Душанбе дар заминаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ ва амалӣ гардида истодааст. Дар баробари ҷорӣ намудани корти электронӣ воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) бо сабт намудани барномаи махсус барои  истифода пешкаш гардидааст, ки тибқи мушоҳидаи низоми электронӣ, шумораи онҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Ин матлабро муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода имрӯз, 18 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Ба андешаи мавсуф, шурӯъ аз 15 майи соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баромади воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шабакаи нақлиётӣ ба меъёри муайян кам гардида, ин омил ба нишондиҳандаҳои асосӣ, ҳаҷми мусофирон ва гардиши мусофирон таъсири манфӣ расонид. Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти  комплекси нақлиёти  мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.

Зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст. Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода баён кард, ки дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 340 адад автобус, 60 адад троллейбус, 1180 адад микроавтобуси бахши хусусӣ ва 1550 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.

-Тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Беларус 100 адад троллейбусҳои муосир, яъне  беноқили то 15 км ҳаракаткунанда ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Инчунин  50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳри Душанбе супорида шудаанд,-зикр намуд Фирдавс Саидзода.

Ба иттилои муовини Раиси шаҳр, дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидаанд.

Иброз карда шуд, ки аз оғози татбиқи низоми мазкур то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур, зиёда аз 521,1 ҳазор адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд. Инчунин бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт автобус ва троллейбус, тарофаҳои нави нимсола ва солона бо категорияҳои «Хонанда», «Донишҷӯ» ва «Шаҳрванд» пешниҳод гардидаанд.

Февраль 18, 2021 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид