Дар Душанбе созишномаи шарикӣ дар бораи ҳамкорӣ байни ширкати букмекерии Parimatch ва клуби футболи Истиқлол ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва ширкати байналмилалии букмекерии «Париматч» шартномаи шарикӣ ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти дастаи футболи (ДФ) «Истиқлол» хабар доданд.
Созишномаро, ки барои як сол пешбинӣ шудааст, менеҷери ДФ «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов ва директори генералии ширкати «Париматч» Тоҷикистон Абдусаттор Ҳасанов имзо карданд.
Тибқи созишнома, логотипи Parimatch дар тахтаҳои таблиғотӣ, дар ҳама бозиҳои мизбонии чемпионати кишвар, ки дар он бозиҳои Лигаи Олӣ, Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешаванд, инчунин дар бозиҳои дӯстона ҷойгир карда мешаванд. Дар доираи созишномаи имзошуда логотипи Parimatch дар тарафи либоси ягонаи даста истифода мешавад. Ғайр аз он, логотипи Parimatch ҳангоми мусоҳиба, дар аксҳо ва дар шабакаҳои иҷтимоии клуб намоиш дода мешавад.
Менеҷери ДФ «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов гуфт: «Мо хеле хурсандем, ки марҳилаи нави ҳамкории клубамон ва Parimatch-ро эълон мекунем. Боварӣ дорам, ки ин шарикӣ ба рушди дастаи футболи «Истиқлол» такони нав хоҳад бахшид ва барои Parimatch имконияти нав фароҳам меорад. Дастаи мо ҳамеша саъй мекунад, ки натиҷаи баланд ба даст орад ва мо итминон дорем, ки ҳамкории мо барои ҳарду ҷониб ва мухлисони мо бениҳоят судманд хоҳад буд. Ба қарибӣ, «Истиқлол» бори аввал дар таърихи футболи тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад, ки ин барои дастаи мо даъвати нав ва ҳавасмандии бузурге барои пешрафти минбаъда мебошад. Дар навбати худ, мо кӯшиш хоҳем кард, ки кишварамонро дар мусобиқаи асосии клубҳои қитъаи Осиё ба таври кофӣ муаррифӣ намоем”.
Директори генералии Parimatch Абдусаттор Ҳасанов таъкид кард: «Parimatch ифтихор дорад, ки шарики дастаи футболи «Истиқлол», яке аз беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Осиё шудааст. Мо хеле хурсандем, ки «Истиқлол» солҳои охир дар мусобиқаҳои дохилӣ натиҷаҳои хуб нишон дода истодааст, алахусус баромади даста дар мусобиқаҳои даставӣ, ки таҳти сарпарастии AFC баргузор шудааст. «Истиқлол» ва ширкати моро саъйи доимӣ барои муваффақият муттаҳид мекунад. Мо боварӣ дорем, ки «Истиқлол» минбаъд низ артиши ҳазорон мухлисони тоҷикро бо бозии худ шод хоҳад кард ва мо мехоҳем ба клуб дар иҷрои ҳадафҳо ва вазифаҳояш кумак расонем. Бо истифода аз ин фурсат, ман мехоҳам ба «Истиқлол» дар мавсими дебюташон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё барору комёбӣ таманно дорам”.
МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:
Parimatch яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Ширкат яке аз фаъолтарин бозингарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва клубҳои пешрафта ва маъруфтарин аксияҳои MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ширкати «Париматч» фаъолияти худро соли 2015 оғоз кардааст. Ширкати Parimatch шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон, шарики кулли Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон, шарики Ла Лига, дастаҳои футболи Ювентус, Лестер ва Эвертон мебошад. Parimatch соли 2020 сарпарасти кулли дастаи «Локомотив Помир» -и Душанбе буд.
Клуби футболи «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) соли 2007 таъсис ёфтааст. Президенти клуб Шоҳрух Саидзода мебошад. Сармураббӣ Виталий Левченко мебошад. Капитани даста — Алишер Ҷалилов. Дастрасӣ: чемпиони Тоҷикистон (9): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 Дорандаи медали нуқра (1): 2013 Барандаи медали биринҷӣ (1): 2012 Ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон (9): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон (8): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019. Ғолиби Ҷоми Президенти АФК (1): 2012 Ғолиби Ҷоми ФФТ (5): 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, финалисти Ҷоми AFC (2): 2015, 2017.
Дар мавсими 2021 (14-30 апрел) дар формати мутамаркази марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок мекунад. Дар зергурӯҳи «А» рақибони «Истиқлол» дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабаб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) ва ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Гарафа» (Қатар) мебошанд / AMMC (Ӯзбекистон) …








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






