Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот доир гардид

Февраль 17, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ/. Имрӯз мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ва донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат ироа гардидани Паём ва муайян гардидани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат яке аз рукнҳои демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистонро нишон медиҳад.

«Паёми Пешвои миллат дар ҳоле баён шуд, ки тамоми сохторҳои  давлативу ҷамъиятӣ ва мардуми сарбаланди тоҷик ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Сарвари давлат дар ироаи Паём вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии миллӣ сухан карда, барои беҳтар гардидани зиндагии мардум ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Соли 2020 бинобар пандемияи COVID-19 барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла тоҷикон соли вазнин буд. Барои пешгирӣ аз пайдоиш ва интиқоли ин бемории сироятӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтию зарурӣ андешида шуданд»,- гуфт Мавсума Муинӣ.

Ба зикри мавсуф, хушбахтона, аз охирҳои моҳи декабри соли 2020 то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.  Вале ин маънои онро надорад, ки мо беаҳамиятӣ зоҳир намуда, аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ даст  кашем. То он лаҳзае, ки дар Тоҷикистон реҷаи пӯшидани  ниқоб бардошта нашавад, мо бояд ин қоидаро риоя намуда, ба саломатии худу атрофиён беаҳамият набошем.

-Соли равон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат баргузории барномаҳои зиёди дохиливу байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ ҳар сокини мамлакат уҳдадор аст, ки барои  дар сатҳи зарурӣ баргузор шудани ин гуна чорабиниҳо саҳми арзанда гузорад ва обрӯю нуфузи Тоҷикистонро баланд бардорад,- иброз дошт М.Муинӣ.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Назарзода иброз дошт, ки Раёсати Вазорати корҳоли дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гиирифтааст дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии  аввалинро бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  баргузор намояд.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то ба имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса доранд. Сарвари давлат дар Паём ва суханрониҳояшон пайваста аз ин неруи созанда ва ояндасози кишвар сухан мекунанд. Аз ҷумла, 26 январи соли равон Роҳбари давлат  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ  саҳми арзишманд  гузошта, нақши онҳо аз иштирок  дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, суботу оромӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ  арзанда ва мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад»,- гуфт Шариф Назарзода.

Февраль 17, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид