Дар Ҳироти Афғонистон сардори идораи полис кушта шуд

Февраль 5, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Сардори идораи полиси вулусволии Ғуриёни вилояти Ҳирот дар як ҳамлаи ногаҳонии «Толибон»-и мусаллаҳ (мамнуъ дар Тоҷикистон) кушта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи хабарии Афғонистон Ariana News.

Волии вилояти Ҳирот Сайид Воҳид Қатолӣ мегӯяд, ки ин ҳодиса 04 феврали соли ҷорӣ рух дод. Фарҳод Ходимӣ, вулусволи ноҳияи Ғуриён ва Нуруллоҳ Назарӣ, сардори идораи полиси ин вулусволӣ дар масири роҳи Ғуриён — Зиндаҷон мавриди ҳамлаи ногаҳонии «Толибон» қарор гирифтанд.

Дар ин ҳодиса ҷаноби Назарӣ кушта ва се тан аз муҳофизинаш захмӣ шуданд.

«Толибон» дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Дар ҳамин ҳол сомонаи ВКД Афғонистон moi.gov.af 04 феврали соли 2021 хабар медиҳад, ки дар пайи як амалиёти полис аз таркиши як мототсикли бомбагузоришуда дар вулусволии Пуштрӯди вилояти Фароҳ пешгирӣ карда шудааст.

Террористони “Толибон” мехостанд бо таркондани ин мототсикли бомбагузоришуда чандин ғайринизомиёни бегуноҳро бикушанд,  аммо неруҳои амниятӣ муваффақ шуданд, ки мототсикли мазкурро ошкор ва маводи таркандаро пеш аз таркиш безарар гардонанд.

Инчунин сомонаи мазкур иттилоъ додааст, ки аз ду таркиши минаҳои ҷосозишуда дар вилояти Ғазнӣ пешгирӣ шудааст.

Ин минаҳо аз сӯи террористони “Толибон” бо мақсади анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи «Гадвали Оҳангарон» -и ҳавзаи дуввум ва бозори «Навобод» -и ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Газнӣ ҷойсозӣ шуда буданд.

Бо кашф ва безарар гардонидани ин минаҳо аз ду ҳамлаи террористӣ, ки боиси талафоти ғайринизомиён мешуданд, пешгирӣ карда шуд.

Февраль 5, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд