Дар Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласа доир шуд

Февраль 15, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода  оид ба корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо шахсони масъул оид ба сохтмони иншооти нотамом дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳр, таъмири роҳҳои байни деҳаҳо, ба тартиб даровардани атрофи иншоот, хонаҳои баландошёна ва назди ҳавлиҳо, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, равшаннамоии кӯчаҳои шаҳр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, аз байн бурдани бегонапарастӣ ва дигар масоили муҳим суҳбат намуда,  дастур дод, ки дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, корҳои сохтмониро дар иншооти нақшавӣ ҳамаҷониба ба роҳ монанд.

Аз гурӯҳҳои корӣ талаб карда шуд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва тартиби шаҳрдориро риоя намудани сокинон диққати ҷиддӣ дода, аҳолиро дар рӯҳияи ободкорӣ раҳнамоӣ кунанд.

А. Раҳмонзода ва А. Вализода изҳор намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳру деҳоти Кӯлоб бояд ба куллӣ тағйир дода шуда, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд.

Февраль 15, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд