Дар Кобули Афғонистон бар асари таркиш на кам аз ду нафар кушта шуданд

Февраль 22, 2021 10:30

 ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 21 феврал, дар шаҳри Кобули Афғонистон бар асари таркиши мина дар канори роҳ на кам аз ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шуданд, хабар медиад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс».

Ба иттилои полис, мошини неруҳои амният зери ҳадаф қарор дошт ва як зану ду кӯдак миёни маҷруҳон мебошанд. Дар натиҷаи таркиш ронандаи мошин ва як нафар роҳгузар ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти ҷамъовардаи «Тулӯъ нюс», дар як моҳи охир дар Кобул 66 ҳодисаи амниятӣ ва ҷиноятӣ рух дода, дар натиҷаи оно 51 нафар кушта шудаанд.

 

АКС аз шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс»

Февраль 22, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд