Дар муқобили хонаи раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон як автомашина бо маводи тарканда ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Манбаъҳои наздик ба Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон, тасдиқ карданд, ки соати 8 субҳи имрӯз, 12 феврал дар муқобили хонаи раиси маҷлис як автомашина бо маводи тарканда ошкор шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии 8am.af.
Ҳамзамон бо ошкор шудани автомашина се ҳамлагари мусаллаҳ низ боздошт шуданд.
Тибқи изҳороти ин манбаъҳо, автомашинаро бо маводи тарканда неруҳои амнияти миллӣ ошкор ва забт кардаанд ва дастгиршудагон дар боздоштгоҳи ниҳоди мазкур нигоҳдорӣ мешаванд.
Манбаъҳо таъкид карданд, ки ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи ин қасди ҳамлаи террористӣ Мирраҳмони Раҳмонӣ ва хонаи ӯ будааст ва ё ягон шахс ё иншооти дигар.
Полис ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.
ДАР АКС: раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






