Дар муқобили хонаи раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон як автомашина бо маводи тарканда ошкор карда шуд

Февраль 12, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Манбаъҳои наздик ба Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон, тасдиқ карданд, ки соати 8 субҳи имрӯз, 12 феврал дар муқобили хонаи раиси маҷлис як автомашина бо маводи тарканда ошкор шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии 8am.af.

Ҳамзамон бо ошкор шудани автомашина се ҳамлагари мусаллаҳ низ боздошт шуданд.

Тибқи изҳороти ин манбаъҳо, автомашинаро бо маводи тарканда неруҳои амнияти миллӣ ошкор ва забт кардаанд ва дастгиршудагон дар боздоштгоҳи ниҳоди мазкур нигоҳдорӣ мешаванд.

Манбаъҳо таъкид карданд, ки ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи ин қасди  ҳамлаи террористӣ Мирраҳмони Раҳмонӣ ва хонаи ӯ будааст ва ё ягон шахс ё иншооти дигар.

Полис ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.

ДАР АКС: раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ

Февраль 12, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид